Анас  (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) аз  паёмбар (дуруду пайёми Аллоҳ бар ӯ бод):  гуфт: «Нишонаи имон дӯст доштани ансор ва нишонаи мунофиқи кина доштан ба ансор аст»

Убода ибни ас-Сомит, ( Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) ва ӯ ( ҷанги ) Бадро дидаву дар Лайлату-л-Лоҳу яке аз нақибон буд, - гуфт, ки паёбари Аллоҳ (дуруду пайёми Аллоҳ бар ӯ бод) ҳангоми дар ҳалқаи ёрон будан гуфт: Бо ман ба ин шарт байъат  кунед, ки бо Худо чизеро шарик муқарар намекунед; ва дуздиe намекунед ва зино намекунед; ва фарзандони худро намекушед ва сухани дуруғ пеш намеоред, ки онро дар миёни дасту пойҳоятон барбаста бошед; ва дар кори нек нофармони намекунед. Ва ҳар ки аз шумо вафо кунад, подоши ӯ дар (ӯҳдаи )  Худо аст. Ва ҳар кӣ ба яке аз ин корҳо даст занад, дар дунё уқубат мешавад ва он кафорати ӯст. Ва ҳар кӣ ба яке аз инкорҳо даст занаду сипас Худо онро пушонда бошад, ҳаволааш ба Худост, агар хоҳад,  бар ӯ бибахшад ва агар хоҳад, ӯро уқубат кунад». Ва мо бар он бо ӯ байъат кардем.

Саҳеҳ ал- Бухорӣ ҷилди 1 саҳ 31