Ва суханони Худо, ҷалла зикруҳу, ки ин аст . « Ба дурусти ки мо ба сӯи ту ваҳй фиристодем, чунон, ки ба сӯи Нӯҳ ва паёмбарони пас аз вай ваҳй фиристодаем». (4: 163) .
Ҳазрати Умар ибн ал-Хаттоб, ( Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод ) бар минбар буд, гуфт: «аз паёмбари Худо (дуруду пайёми Аллоҳ бар ӯ бод) шунидаам ки мегуфт»
« Ҷуз ин нест, ки амалҳо бо ниятҳо вобаста аст ва ҷуз ин нест, ки ҳар мардро он бошад, ки ният кардааст; ва ҳар касро ки ҳиҷраташ ба сӯи дунё бошад, то онро ба даст орад ё ба сӯи зане бошад, ки ӯро дар никоҳ дарорад пас ҳиҷрати ӯ ба сӯи ҳамон чиз аст, ки ба он сӯй ҳиҷрат кардааст.
Ал Ҳорис ибни Ҳишом, ( Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) аз паёмбари Худо (дуруду пайёми Аллоҳ бар ӯ бод) суол карда гуфт: «Эй паёмбари Аллоҳ ваҳй ба ту чи гуна меояд?» Паёмбари Худо (дуруду пайёми Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: Гоҳе ба ( гӯши) манн ( садое) мисли овози зангула меояд ва он сахтарин ваҳй аст ва ҳангоме қатъ мегардад, ки ман он чиро гуфта мешавад фаҳмида бошам. Гоҳе фариштае ба монанди марде намудор шуда, бо ман сухан мегӯяд. Ва ман он чиро, ки мегуяд, мефаҳмам». Оиша, ( Аллоҳ аз хушнуд бод ) гуфт: Ба ростӣ ман ӯро дар рӯзи сармои сахт дидаам, ки ба ӯ ваҳй нозил мешуд ва дар мавриди қатъ гардиданаш пешонии ӯ арақшор буд».
Ибни Аббос гуфт: « Паёмбари Худо (дуруду пайёми Аллоҳ бар ӯ бод) олиҳимтарини мардум буд ва дар моҳи Рамазон, вақте , ки бо Ҷабраил во мехӯрд, олиҳиммтар мешуд. Ва ҳар шаби моҳи Рамазон Ҷабраил бо вай вомехӯрд ва бо ӯ Қуръон меомӯхт.Ба дурустӣ , ки паёмбари Худо (дуруду пайёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар некӯи аз боди ба ваҷҳ нек вазанда ҳам олиҳимматтар буд.
Саҳеҳ ал-Бухори ҷилди 1 саҳ 19-23